Бахшҳо

Мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон тақвият меёбад

Дар Душанбе масоили мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва хусусан бо ҷиноятҳои коррупсионӣ баррасӣ гардид.
Мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон тақвият меёбадДар робита ба ин мулоқоти райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати гурўҳи таҳияи чораҳои молиявии мубориза бо қонунигардонии маблағ аз гурўҳи Авруосиё оид ба мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризм таҳти роҳбарии Ёвари иҷроияи Котиботи Дафтари гурўҳи мазкур, муовини вазири молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Даниел Гласер баргузор гардид.

Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти мазкур аз ҷумла қайд кард, ки таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун ва пурзўр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳукумати Тоҷикистон аст. Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии президент иттилоъ доданд, дар ҳамкорӣ бо ин ниҳоди байналмилалӣ  дар Тоҷикистон корҳои зиёд анҷом ёфтаанд. Аз ҷумла, раёсати назорати молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон, ки бо ҳамин мақсад таъсис ёфтааст, дар мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризм бо сохторҳои марбутаи кишвар ҳамкории босамар ба роҳ мондааст. Дуюним маротиба афзудани ошкорсозии ҷиноятҳои коррупсионӣ низ натиҷаи пурзўр шудани чунин мубориза дар Тоҷикистон арзёбӣ гардид.Мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон тақвият меёбад


Даниел Гласер ба қадамҳои аввалини Тоҷикистон барои мутобиқ намудани қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии кишвар ба стандартҳои байналмилалии вобаста ба ин самт баҳои мусбӣ дода, изҳори боварӣ намуд, ки нақшаи мушаххаси тадбирҳои минбаъдаи ҳукумати Тоҷикистон дар самти  мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризм таҳия ва қабул шуда, охири моҳи июни соли равон дар ҳамоиши Гурўҳи Авруосиё оид ба мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризм мавриди баррасӣ ва дастгирӣ қарор мегирад.{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)