Барномаи «Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011-2015» дар шакли китобча нашр гардида, ба тамоми вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ирсол гардид.
Аз Хадамоти муҳоҷират ба Озодагон иттилоъ доданд, ки Барномаи мазкур 360 нусха чоп шудааст. «Мақсад аз амалӣ намудани ин иқдом, тадбиқи бандҳои санади мазкур буда, он бо ташабуси Хадамоти муҳоҷират ва кӯмаки молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ роҳандозӣ гаридааст. Масъулини вазорат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати иҷрои бандҳои ин стратегия муаззаф гардида ва оид ба тадбиқи он ҳар нимсола бояд ба ҳукумати кишвар ахбори муфассал пешниҳод кунанд»,-афзуд манбаъ.
Мавриди зикр аст, стратегияи мазкур аз 4-уми октябри соли 2011 бо мақсади ба танзим даровардани масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва бартараф намудани камбудиҳо дар ин самт аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шуд.
Мӯҳр