Прокуратураи генералии Тоҷикистон баъди анҷоми тафтишоти фаъолияти ҲНИТ онро 20 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.
Тавре аз Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон хабар доданд, мақомоти тафтишотӣ ва идораи андоз дар пардохти молиёт бархе нуқсонҳоро ошкор кардаанд. Тафтишоти ҲНИТ аз се моҳи қабл оғоз шуда буд. Зимнан, ҲНИТ алайҳи Додситони кулл ба суди ноҳияи Синои пойтахт шикоят бурд. Роҳбарияти ҳизб мегӯянд, ин тафтишот ғайриқонунист. Гуфта мешавад, рӯзҳои наздик додгоҳи Сино баррасии ин даъворо оғоз хоҳад кард.
Мӯҳр