Сафорати Британияи Кабир дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии параолимпӣ ва дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон 21-уми май бо иштироки варзишгарони дорои имконияти маҳдуд чорабиниеро созмон дод. Ин маҳфили варзишӣ ба муносибати 100 рӯзи дигар боқӣ мондан то оғози бозиҳои параолимпии соли 2012 дар Лондон баргузор шуд.
Дар мусобиқаи тениси рӯи миз ва вазнбардорӣ, ки бо ҳузури зиёда аз 100 тамошобин дар маркази ҷумҳуриявии барои нафарони дорои маҳдудияти ҷисмонӣ доир гашт, 38 варзишгар иштирок намуд. Тӯҳфаҳои олимпӣ аз тарафи сафорати Британияи Кабир ва Кумитаи миллии параолимпӣ ба ғолибон тақдим гардид.
Ҷаноби Робин Орд-Смит, сафири Британия Кабир гуфт: “Британияи Кабир мероси қавиро дар рушди варзиш барои одамони дорои маҳдудияти ҷисмонӣ соҳиб аст ва мо имрӯз фахр мекунем, ки Стоук Мондевилл макони тавлиди бозиҳои параолимпӣ мебошад. Соли 2012 Лондон ният дорад, ки на танҳо яке аз бозиҳои калон, ҳамчунин яке аз бозиҳои беҳтарини параолимпиро гузаронад. Ман хурсандам, ки тавонистем гузаронидани мусобиқаи имрӯзаро дастгирӣ намоем. Имрӯз ман бо ҳаловати зиёд баромади варзишгарони тоҷик тамошо кардам. Мо бесаброна интизори идомаи ҳамкориҳо ба мақомоти марбута дар самти таъмини мероси қавии олимпиадаи Лондон-2012 барои варзишгарони дорои маҳдудияти ҷисмонӣ дар Тоҷикистон мебошем”.
Зимнан, Абдурауф Олимов, дабири кулии Кумитаи миллии параолимпӣ ҳам гуфт: “Мо ташаббуси сафорати Британияи Кабирро дар мавриди омода ва гузаронидани ин мусобиқа бахшида ба 100 рӯз то саршавии бозиҳои параолимпӣ-2012 дар шаҳри Лондон ба хурсандӣ пазируфтем. Умедворем, ки тими параолимпии Тоҷикистон бо дастовардҳои бештаре аз замони бозиҳои олимпии Пекин ба ватан бармегардад”.
Мӯҳр