Дар музофоти Кунори Афғонистон бар асари як ҳамла ба пойгоҳи ҳарбӣ ду хизматчии ҳарбии НАТО кушта ва шаш тани дигар захмӣ шудаанд. Роҳбарияти нерӯҳои байналмилалӣ дар кишвари исломӣ хабари кушта шудани низомиёнро тасдиқ кардааст, аммо дар мавриди шаҳрванди кадом кишвар будани онҳо иттилое надодааст.
Гуфтанист, аз ин пештар дар вилояти Фараҳ, ки бо Эрон марзи муштарак дорад, дар пайи як ҳамла ба бинои ҳукуматӣ ҳафт кас ба ҳалокат расида буд. Ҳамлаварон либоси артиши Афғонистонро ба бар доштанд.
Шурӯъ аз оғози соли равон то кунун дар Афғонистон 154 низомии НАТО ба ҳалокат расидааст.
Мӯҳр