Милисаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як шаҳрванди 23 соларо бо гумони роҳзанӣ боздошт кардааст.
Аз РКД-и вилояти Суғд ба Озодагон иттилоъ доданд, ки дастгиршуда Рустам Исобобоев, соли таваллудаш 1988, сокини ҷамоати деҳоти Хистеварз мебошад. Номбурда шаби 17-уми майи соли равон дар ҳудуди шаҳраки Ғафуров ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», ки ба шаҳрванд Абдусаттор Маҳкамов, сокини ҷамоати деҳоти Исфисор, нафақахӯр тааллуқ дошт, нишаста дар ҳудуди ҷамоати Хистеварз бо истифодаи зӯроварӣ ронандаи автомашинаро фароварда, бо санг ба сараш мезанад. Сипас сабукравро, ки 4000 доллари амрикоӣ арзиш дорад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр