Эмомалӣ Раҳмон аз қабули Консепсияи рушди дурнамои қонунгузории Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид дошт, ки «ҳадафи асосии ин санад таъмини раванди такмили қонунгузорӣ тибқи усулҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад, ки дар Конститутсияи кишвар муқаррар гардидаанд». Президенти кишвар ҳамчунин таъкид дошт, ки «Тоҷикистон дар марҳилаи тақдирсози таҳким ва такомули пояҳои истиқлолияти худ қарор дорад ва ҷавҳари сиёсати давлатии онро ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ташкил медиҳанд».
Тавре зикр гардид, Тоҷикистон Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафро эътироф намуда, мафҳумҳои асосии онро ба Конститутсия ва дигар қонунҳои марбути худ ворид намудааст. Иттилоъ дода шуд, ки дар назди ҳукумати Тоҷикистон Комиссия оид ба таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон амал мекунад, ки фаъолияти босамар дорад.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон «дар ин раванд камбудиву мушкилот низ ҳанӯз мавҷуданд, вале муҳимтар аз ҳама мо ба таври қотеъ ва огоҳона маҳз ҳамин роҳ, - яъне таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсонро пеш гирифтаем ва ба ин роҳ содиқ мемонем».
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |