Бахшҳо

Маҷлиси намояндагон ва Бонки ҷаҳонӣ Ёддошти ҳусни тафоҳум ва ҳамкорӣ имзо карданд

Имрӯз, 18-уми май раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сафаралӣ Раҷабов бо намояндаи Бонки Умумиҷаҳонӣ - роҳбари департамент, Гурӯҳи тавсеаи сохтори давлатӣ ва ислоҳоти идорӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Билл Доротинск мулоқот анҷом дод.

Тавре аз дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон гуфтанд, дар ҷараёни мулоқот масъалаи густариши ҳамкориҳои байни Маҷлиси намояндагон ва Бонки умумиҷаҳонӣ дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла сиёсати иқтисодӣ, мусоидат ба рушди буҷаи давлатӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф, рушди арсаи энергетика, таъмини об ва хадамоти худидоракунии маҳаллӣ, мусоидат дар таҳия ва қабули қонунҳои марбут ба буҷа ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо муҳокима шуданд. Зимнан, миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ Ёддошти  ҳусни тафоҳум ва ҳамкорӣ баста шудааст.

 

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон дар бораи паҳлӯҳои дигари ҳамкориҳои муштараки палатаи поёнии парлумони кишвар бо Бонки умумиҷаҳонӣ ибрози назар карда, пешниҳод намудааст, ки Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати анҷом додани корҳои таҳқиқотӣ ва таҳлилӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон мутахассони беҳтаринро ҷалб намуда, нусхаи хулосаҳои ин таҳлилу таҳқиқот ба кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон  фиристода шаванд.

Намояндаи Бонки умумиҷаҳонӣ - роҳбари департамент, Гурӯҳи тавсеаи сохтори давлатӣ ва ислоҳоти идорӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Билл Доротинск сатҳи ҳамкориҳои ҷумҳурии Тоҷикистон бо бонки мазкурро мувофиқи манофеъи ҳарду ҷониб арзёбӣ намуда, ҳамчунин хостори тақвияти ҳарчи бештари муносибот бо Тоҷикистон шудааст.

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)