Пан Ги Мун гуфтааст таркишҳои ахир дар шаҳри Димишқ, пойтахти Сурия, ки ҷони 55 нафарро гирифт, кори дасти ҷангиёни «Ал-Қоида» аст.
Ба қавли дабири кулли СММ ҳузури террористҳо дар минтақа ва дахолати онҳо ба низои дохилии Сурия мушкили ҷиддиеро ба миён овардааст.
Мақомоти Сурия ҳам дар созмони инфиҷорҳои Димишқ террористҳоро муттаҳам мекунанд. Чанде қабл мақомот феҳрасти 26 шаҳрванди хориҷиро, ки гуфта мешавад зидди нерӯҳои ҳукуматӣ ҷангидаанд, нашр кард. Тибқи хабарҳо ин афрод дастгир шуда ва 20 тани онҳо ҷангиёни «Ал-Қоида» будаанд.
Новобаста ба эълони оташбас дар моҳи сипаришуда, задухӯрдҳо дар ин кишвар идома дорад.
Мӯҳр