Бахшҳо

«Гулҳои сари сабад»-и Суғд стипендия гирифтанд

Дар доираи чорабиниҳои «Як моҳи ҷавонӣ», ки таҳти шиори «Ватандорони беҳамтои мулкем» ҷараён дорад, маросими супоридани шаҳодатнома ва стипендияҳои номии раиси вилоят ба донишҷӯён ва аспирантони фаъоли донишгоҳҳо ва омӯзишгоҳҳои вилоят доир шуд.

Аз маркази иттилоот ва таҳлили ҳукумати шаҳри Хуҷанд ба Озодагон гуфтанд, ки соли гузашта теъдоди гирандагони стипендияи раиси вилоят ба 40 нафар ва андозаи идрорпулияшон 60 сомониро ташкил медод. Пас аз мулоқоти Қоҳир Расулзода бо устодон ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳҳои вилоят соли гузашта, раиси вилоят дастур дод, ки теъдоди гирандагони стипендия ба 100 нафар ва маблағи он то 100 сомонӣ расонида шавад. «Инак, 100 толибилм ва муҳаққиқи фаъол ба гирифтани идрорпулии раиси вилоят мушарраф шуданд»,-афзуд манбаъ.

Раиси вилоят гирандагони стипендияро гули сари сабади ҷавонони вилоят ном бурд ва афзуд, ки ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз ба дониш ва заковати онҳо вобастагӣ дорад. Дар ин замина, аз ҷониби Қоҳир Расулзода пешниҳод шуд, ки бо мақсади робитаи наздики ҷавонони соҳибилм бо роҳбарияти мақомоти иҷроия ва васеъ намудани доираи дониш ва ҷаҳонбинии сиёсии онҳо ҳар сол як маротиба вохӯрии озоду ошкорои раиси вилоят бо гирандагони стипендия доир шавад.

Барои ин мақсад, ҷои аз ҳама мувофиқ истироҳатгоҳи 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон аст, ки дар мавзеи Деҳмойи ноҳияи Ҷ. Расулов бо шароитҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардидааст. Дар партави иҷрои дастуру супоришоти сарвари давлат ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, солҳои охир дар вилоят сохтмони як қатор иншооти бузурги варзиши ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, ба истифода дода шудани варзишгоҳи 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон барои 25000 ҷои нишаст, ҳавзи замонавии шиновари дар шаҳри Хуҷанд ва дар имсол ба нақша гирифтани сохтмони иншооти қасри боҳашамати варзиш ва майдони яхи сунъи  дар маркази вилоят нишони чунин ғамхориҳост.

Дар вазъияти тантанавӣ ба донишҷӯён ва муҳаққиқони ҷавон шаҳодатнома ва идрорҳои Раиси вилоят супурда шуданд. Дар ҷавоб ба ин таваҷҷӯҳ, толибилмон иброз доштанд, ки донишу таҷрибаи андӯхтаи хешро танҳо барои тараққиёт ва ободии кишвари хеш сарф менамоянд.

Дар  ин бора ба хабарнигори маҳалллии Озодагон аз Маркази иттилоот ва таҳлили ҳукумати шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)