Дар боздоштгоҳи № 2-и шаҳри Хуҷанд баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати 17 нафар, ки 16 нафараш сокини ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва ҷавонтарини онҳо сокини 22 солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад, идома дорад.
Ин афрод дар даст доштан ба Иттиҳоди ҷиноии «Ҳаракати Исломии Узбакистон (Туркистон)» гумонбар дониста мешаванд.
Тавре ба хабарнигори маҳаллии Озодагон дар суди вилояти Суғд хабар доданд, алайхи ин гурӯҳ мутобиқи бандҳои «иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ» ва «дигар созмонҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнӯъ»-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айб пешниҳод шудааст.
Манбаъ афзуд, 6 нафари дастгиршудаҳо дар Вазиристони Покистон машқҳои ҳарбӣ гузашта, барои ба дигарон омӯхтан ба ватан баргаштаанд.
Дар баррасиҳои судӣ ин афрод қисман худро гунаҳкор донистаанд.
Додситони парванда дар сухани хотимавии худ аз додгоҳ хостааст ба айбдоршавандаҳо аз 11 то 25 сол ҳукми зиндон содир кунад.
16 нафари онҳо сокинони ҷамоати Ошобаи ноҳияи Ашт ва як тани дигар аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, аз 22 то 50 сол доранд. Ин гурӯҳ моҳҳои октябр-ноябри соли гузашта аз ҷониби кормандони амниятиву интизомӣ боздошт шуда, мурофиаи парвандаи онҳо моҳи апрел дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд оғоз ёфтааст.
Маълум нест, ки ба ин гурӯҳ кай айб эълон мекунанд. Манбаъ дар додгоҳи Суғд мегӯяд, дар бозбинии парвандаи гурӯҳи 17 нафарӣ танаффус эълон шуда, рӯзҳои наздик идома хоҳад кард.
Мӯҳр