Дар маҷмӯъ тибқи иттилои расмӣ гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 10,8 фоиз ё 162 миллион доллар афзоиш ёфта, 1 миллиарду 657 миллион долларро ташкил медиҳад. Тавозуни тиҷорати хориҷӣ манфӣ буда, воридот аз содирот 728 миллион доллар зиёд аст.
Таи чормоҳаи аввал содироти нахи пахта 12 фоиз, ашёи металӣ 30,8 фоиз, маҳсулоти озуқа 63,6 фоиз ва маҳсулоти гуногуни саноатӣ 89,8 фоиз коҳиш ёфтаст. Тибқи иттилои оморӣ чоряки молҳои вородотии Тоҷикистон аз Русия оварда мешаванд. Харидори асосии молҳои Тоҷикистон ҳамоно Туркия боқӣ монда, 40 фоизи молҳои содиротӣ ба ин кишвар равона мешаванд.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |