Сафири фавқулода ва мухтори ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон хонум Гаврук зимни мулоқоташ бо Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати кишвар гуфт, созишномаи байниҳукуматӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ айни ҳол дар сатҳи омӯзиш қарор дошта, дар фурсатҳои наздик ба тавсиб хоҳад расид.
Тавре аз Хадамоти муҳоҷират ба «Озодагон» иттилоъ доданд, дар ин нишаст, бо ташабуси Сафиалло Девонаев пешниҳод гардид, ки дар оянда ҷиҳати омӯзиши табодули таҷриба донишҷӯён ба донишгоҳҳои кишварҳои ҳамдигар фиристода хоҳанд шуд. Ҳамчунин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар рӯзҳои наздик аз кору фаъолияти Донишгоҳи давлатии Аграрӣ (кишоварзӣ) дидан намоянд.
Лозим ба ёдоварист 28-уми октябри соли 2011 созишномаи байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистону Беларус оид ба фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Беларус ва шаҳрвандони Беларус дар Тоҷикистон ба имзо расид ва моҳи апрели соли ҷорӣ аз ҷониби Тоҷикистон расман эътироф гардид.
Мӯҳр