Ин рӯзномаи исроилӣ навишта: «Дар ҳоле, ки 7 рӯз то оғози даври баъдии гуфтугӯҳои ҳастаӣ бо Эрон боқӣ монда аст, фишорҳо идома дорад ва ҳар итилооте, ки дар бораи Эрон фош мегардад, дар расонаҳо мунташир мешавад».
Ҳоаретс дар идомаи матлабаш овардааст, ки таърихи гуфтугӯҳои Бағдод дар ҳоли наздик шудан аст ва Исроил ин эҳсосро дорад, ки Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ ба шиддат дар талош барои расидан ба тавофуқи аввалия дар робита ба барномаи ҳастаии Эронанд, ки метавонад заминаро барои тавофуқи доимӣ миёни ду тараф фароҳам кунад.
Ба навиштаи Ҳоаретс бар асоси шавоҳид Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ дар масири худ барои расидан ба як тавофуқи миёнӣ ҳастанд. Ин тавофуқ ба Эрон иҷоза медиҳад, то урониюмро то 20 дарсад ғанисозӣ кунад.
Бар асоси гузориши ин рӯзнома, дар муқобили иқдомоте, ки Эрон анҷом медиҳад, қудратҳои ҷаҳонӣ низ бархе аз таҳримҳои қаблан алайҳи Эрон эъмолкардаашонро бартараф мекунанд, ки аз ҷумлаи онҳо таҳрими нафтии Эрон аз сӯи Иттиҳодияи Аврупо ва таҳрими Бонки марказии Эрон аз сӯи Амрико аст.
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |