Иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Маскав ба кори худ шуруъ кард.
Барои иштирок дар он сарони ҳамаи давлатҳои аъзои созмон дар қасри Кремл ҷамъ омаданд.
«Дар иҷлосия, ки ба солгарди 20-уми ба имзо расидани Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 10 солагии таъсиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ рост омадааст, натиҷаҳои фаъолияти созмон дар ин солҳо ва вазифаҳои дурнамо баррасӣ мешаванд»,-хабар медиҳад сомонаи президенти Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ дар ҳошияи ин ҳамоиш мулоқоти дуҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Владимир Путин, райисҷумҳури Русия дар назар аст.
Бегоҳии имрӯз ҳамчунин мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
Мавриди ёдоварист, ки Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиянд.
Мӯҳр