Кормандони ҳифзи ҳуқуқ зимни як амалиёт дар шаҳри Сарбанд Азада Канапаеваро боздошт карданд.
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, ин хонуми 52 сола, ки айни замон дар ягон ҷой фаъолият намекунад, бо ҷурми одамфурӯшӣ дастгир шудааст. Номбурда 20-уми июли соли 2011 дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Ленин бо маслиҳати пешакӣ тифли навзоди худро ба 350 доллари амрикоӣ, муодили 1250 сомонӣ ба Нигора Ҳайдароваи 31 сола, сокини кӯчаи Киров мефурӯшад.
Оиди ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишоти он идома дорад.
Мӯҳр