Ёдрас мешавем, ки хадамоти алоқаи Тоҷикистон чанде қабл ба 12 ширкати васлкунандаи интернет дастур дода буд, ки дастрасӣ ба сайти Тӯраҷонзодаҳоро маҳдуд кунанд. Дар номае, ки хадамоти алоқа ба ширкатҳои дастракунандаи интернетӣ навиштааст, омадааст, ки бинобар зарурати корҳои техникӣ дар амри қатъи муваққати дастрасӣ ба сайти тураҷон.сом мусоидат кунанд. Вале замони қатъи муваққати сайт дар номаи мазкур зикр нашудааст. «Озодагон» барои фаҳмидани сабабҳои қатъи фаъолияти сомонаи мазкур бо Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода сӯҳбати кӯтоҳе дошт ва инак фишурдаи он:
Озодагон: То имрӯз барои фаъол кардани сомона ба ягон мақомот муроҷиат кардед ва ё хайр?
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: Ба дастраскунандагони интернет нома навиштем ва онҳо чунин ҷавоб доданд, ки аз рӯи муроҷиати раиси хадамоти навтаъсиси алоқаи Тоҷикистон, Бег Зуҳуров фаъолияти сомонаро муваққатан боздоштаанд.
Озодагон: Дар оянда барои фаъолкунии сомона чӣ тасмим доред?
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: Рости гап то ҳол тасмими дигаре нагирифтаем. Дархосту муроҷиатҳои моро ба инобат ҳам намегиранд. Ба Худо ҳаволаашон мекунем.
Озодагон: Сабаби баста шудани сомонаро масъулини Хадамоти алоқа мушкили техникӣ арзёбӣ кардаанд ва то имрӯз ин мушкилӣ бартараф нашудааст?
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: Мо медонем, ки сабаби бастани сайт мушкили техникӣ не, мушкили сиёсӣ аст. Мо ба ин далелҳои пешовардаи Хадамоти алоқа бовар надорем, вале муроҷиат кардан ҳам бефоида аст. Боз мегӯям, ки мо инҳоро ба Худо ҳавола кардем.
Озодагон: Сабаби қатъи фаъолияти сомонаро Шумо дар чӣ мебинед?
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: Дар кишвари мо 2 сол шуд, ки баъди ҷашни солгарди ҳазрати Имоми Аъзам як амалиёти идеологӣ зидди таблиғу таълимоти исломӣ ё ибодати исломӣ рафта истодааст. Дар мисоли ҷамъоварии наворҳо, ҷавононро аз рафтан ба масҷидҳо манъ кардан, дар хона таълими Қуръонро манъ кардан ва умуман як амалиёти бузурги мубориза бар зидди дин рафта истодааст ва бо далели он ки сомонаи мо ҳам як сомонаи диниву фарҳангӣ аст ва хоҳишмандоне ҳастанд, ки дар он ҷо маълумоти зиёди барои худ дар бораи ислом дарёфт карда метавонанд. Аз ин хотир ин сомона ҳам ба қатори чорабиниҳои дигар ҳамроҳ шуд.{jathumbnail off}
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |