Дар Тоҷикистон корхонаҳои хурди коркарди нафт истеҳсоли саноатии маҳсулоти нафтиро 6 фоиз коҳиш додаанд.
Тибқи иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ истеҳсоли бензин 25,7 фоиз, сӯзишвории дизелӣ 3 фоиз ва мазут 20,1 фоиз кам шудаст.
Аз ширкати «Тетис петролеум», ки дар Тоҷикистон ба истихроҷи нафт машғул аст, хабар доданд, ки то оғози соли ҷорӣ аз як чоҳ дар Хатлон дар шабонарӯз 100 тонна нафт мегирифтаанд. Манбаъ афзуд: «Ният доштем аз соли ҷорӣ истихроҷи нафтро то ба 200 тонна расонем, аммо чоҳ зарар дид ва истихроҷи нафт айни ҳол то 8 тонна дар як шабонарӯз кам шудаст. Баъди анҷоми корҳои барқарорсозӣ ният дорем, истихроҷи нафтро боз зиёдтар кунем».
Талаботи солонаи Тоҷикистон ба маҳсулоти нафтӣ 650 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки асосан аз ҳисоби воридот аз Русия, Туркманистон ва Қазоқистон таъмин мегардад.
Мӯҳр