Бахшҳо
02 июн 2011 10:21Хабарҳои ҷаҳон

Компютер ба ивази як гурда

Шаҳрванди Чин бо фурӯши гурдаи рости худ соҳиби  компютери ҷадид  шуд.

Сяо Чжени 17- сола  як сокини музофоти Анхойи давлати мардумӣ, барои харидани компютери ширкати Эппл мавсум ба iPad2 гурдаи рости худро фурӯхт. Дар ин бора телевизиони маҳаллии Дунфан хабар дод. Ба иттилои манбаъ ин ҷавон, соли ҷорӣ ба синфи 10-ум мегузашт  ва дер боз орзуи доштани компютери  гаронарзиши  iPad-ро дошт. Ӯ дар сомонаи интернетӣ тариқи шахсони миёнарав ба мувофиқа мерасад  то гурдаи рости худро бо маблағи 22 ҳазор юан,  яъне бо арзи амрикоӣ ҳудуди 3390 доллар  фурӯшад. Табибион дар беморхонаи музофоти Хунан тариқи ҷарроҳӣ бо розигии худи ӯ  гурдаи рости ин ҷавони 17 соларо гирифтанд.

Ба гуфтаи модари Сяо Чжен ӯ дар бораи нақшаи писараш, ки барои компютери гаронарзиш  аз гурдаи худ маҳрум мешавад, бехабар буд. Ва баъди он ки писараш ба хона бо маблағи зиёд ва компютеру  телефони ширкати эппл бармегардад, пасон хабардор мешавад. Ба гуфтаи модари ин ҷавон дар оилаашон барои харидани ин намуди бозичаи гаронарзиш мабалағи кофӣ вуҷуд надошт. Баъдан, модари ин ҷавон ба беморхона омада мефаҳмад, ки гурдаи писарашаро як тоҷир аз музофоти Футсиян харидааст. Модари Сяо Чжен тавассути миёнаравҳо борҳо кӯшиш кард, то ба он тоҷир тамос пайдо кунад, аммо телефони ӯ доимо хомӯш аст. Алъон, вазъи саломатии писарбачаи 17- сола рӯз ба рӯз бадтар мешавад. Модари ҷавон ҳанӯз умедвор аст, ки  тоҷир саломатии писарашро дубора барқарор мекунад.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)