Насупоридани андоз бойиси боздошт ва ба маҳкама кашидани як соҳибкор гашт.
Оразқул Бобоҷонов, ки сарварии ширкати «Форвард-медиа», воқеъ дар кӯчаи Шоҳмансурро ба зимма дошт аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор дастгир карда шуд. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ВКД, номбурда аз моҳи октябри соли 2009 то моҳи январи соли 2010 аз ҳисоби фурӯши молҳои маҳсулоти сохтмонӣ, ашёи хом, таҷҳизоти компютерӣ, ки ба корхонаҳо ҷудошуда буд, мувофиқи ҳисобнома ба маблағи 4.161.254 сомонӣ фурӯхта, бо назардошти андози арзиши иловашуда дар ҳаҷми 18 то 20 фоиз аз супоридани андоз саркашӣ кардааст. Айни замон дар нисбати ин аъмоли Бобоҷонов парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр