Боз ду низомии нерӯҳои байналмилалии мусоидат ба амният дар Афғонистон ба ҳалокат расид. Тибқи иттилои расида, ин ҳодиса рӯзи гузашта ба вуқӯъ пайвастааст.
Расонаҳои хабарӣ менависанд, яке аз низомиён дар шарқи Афғонистон ба ҳалокат расидааст. Марде дар либоси артиши Афғонистон ҷониби ӯ тир холӣ мекунад. Ҳоло тафтишоти қазия идома дорад. Низомии дигар дар ҷануби давлати исломӣ ҳангоми ҳамлаи ошубгарон кушта шудааст.
Ба омори расмӣ теъдоди қурбониёни нерӯҳои байналмилалӣ дар қаламрави Афғонистон аз оғози соли равон то имрӯз ба 150 нафар мерасад.
Мӯҳр