Дар ҳамин ҳол Сергей Лавров, аз таъхири иҷрои пешниҳодоти ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷониби Ирон нигаронӣ карда гуфтааст, ҳарчанд иҷрои ин пешниҳод ҳатмӣ нест, аммо барои Ирон хеле муҳиманд ва иҷрои ин пешниҳодот метавонанд ҷомеаи ҷаҳониро барои иҷрои барномаи ҳастаии сулҳомези Ирон бовар кунонад.
Феълан касе наметавонад, танҳо сулҳомез будани барномаи ҳастаии Иронро таъид кунад ва ҳамзамон касе далели муттаҳам кардани ин кишварро барои сохтани яроқи ҳастаӣ дар даст надорад, - хулоса кардааст Сергей Лавров.
Ёдовар мешавем, ки шашгонаи миёнравони байналахалқӣ бо шумули Русия, Чин, ИМА, Фаронса, Инглистон ваа Олмон дар ҳамкорӣ бо МАГАТЭ аз Ирон манъи истихроҷи уранро, ки метавонад як кишвари дорои яроқи ҳастаиро дар ҷаҳон афзун созад, тақозо доранд.
Аммо Теҳрон тамоми иттиҳомот нисбаташро бо баҳонаи сохтани яроқи ҳастаӣ рад мекунад ва мегӯяд истеҳсоли уран танҳо бо мақсадҳои осоишта дар ин кишвар роҳандозӣ шудаасту бас.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |