Ба навиштаи хабаргузории Ассошиейтед Пресс Дули аз шарҳи ин лексияи худ ба ВАО худдорӣ кардааст. Аммо ба навиштаи хабаргузориҳо аснои лексия Дули гуфтааст, ки «Исломи боэътидол» вуҷуд надорад. «Ин таблиғоти дағалонаро дигар намешавад таҳаммул кард»,- гуфта мешавад дар муаррифи (презентация)-и ӯ.
Вай нақшаи ҷангеро пешниҳод кардааст, ки шакливазнамоии исломро дар худ дорад. Нақшаи мазкур аз чор давра иборат аст ва дар даври сеюм фароҳам намудани шароит барои таҳдиди гуруснагӣ ба Арабистони Саудӣ пешниҳод мешавад. Ҳарчанд, ин лексия моҳи июли соли 2011 хонда шудааст, аммо танҳо дар моҳи апрели имсол маълум шудааст, ки дар муассисаи таълимӣ курсҳои зидиисломӣ гузашта мешавад. Дар оғози моҳи равон дарсгузарии Дулиро манъ кардаанд. Ба навиштаи Wired, подполковник Мэтю Дулиро аз кор нарондаанд. Қаблан, маълумотҳои зидиисломӣ дар давраҳои омӯзишии ФБР пайдо шуда буд.
Вашингтон борҳо изҳор кардааст, ки бо гурӯҳҳои ҷудогонаи террористӣ мубориза мебарад, на бо Ислом.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |