Масъулини озмун барои интихоби яке аз корҳо мунозираву баррасиҳои зиёде карданд, чун тамоми қиссаҳо ҷолибу арзанда буданд. Маросими супоридани ҷоиза дар бинои радиои Ватан, дар рӯзи касбии кормандони алоқа баргузор шуд. Ғолибон баробари гирифтани тӯҳфаҳояшон эҳсосоти худро дар пахши мустақим баён мекарданд. Дар натиҷа Марҳабо Зунунова, муҳаррири АМИТ «Ховар» дар бахши «Акси қадимтарин телефон» пирӯз шуд. Марҳабо мегӯяд: «Телефони ман қадимтарин телефон аст. Ин гуна тамғаро дар филми Ҷеймс Бонд ва дар силсилафилми номдори «Бригада» дида будам. Ба шарофати озмун онро кофта ёфтам, бисёр чизҳои шавқовари ба он вобастаро ба хотир оварда, ба фарзандони худ нақл кардам, ки даҳ сол пеш алоқа дар кадом ҳолат қарор дошт».
Гулнора Амиршоева, муҳаррири рӯзномаи «Вечерка» аз ҷумлаи иштирокчиёне буд, ки бештарин аксҳоро ба озмун пешниҳод кард. Ба ин хотир аз ҷониби ширкат қадрдонӣ шуд. Малакаҳои фавқулодаи Таҳмина Абдуназарова низ аз мади назар дур намонд ва ташкилкунандагони озмун барояш тӯҳфаи хотиравӣ тақдим карданд. Ҷавондухтар тамғаи телефони мардонаро бо стразаҳои зебо оро дода, онро ба тамғаи маҳини занона табдил додааст. Суратгири пуровозаи кишвар Баҳриддин Исомутдинов оид ба телефони кӯҳнааш, ки ӯро дар баландии 4200 метр бо алоқаи наҷотбахш таъмин карда, аз ҳамлаи дуздон наҷот додааст, қисса кардааст. Ба ҳамаи иштирокчиён тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Вале мукофоти асосӣ - смартфон аз «МегаФон» ба Маъруфхон Хоҷаев дорандаи телефони сабки Че Гевара насиб шуд, ки беш аз 100 «лайк» ҷамъоварӣ кардааст.
Тавре Маъруфхон Хоҷаев иброз дошт: «Барои ман ин бурд ғайричашмдошт буд. Умуман, идеяи озмун бисёр ҷолиб буд. Ба МегаФон барои чунин озмуни ҷолиб ва албатта барои тӯҳфа низ ташаккур!».
«Тамоми корҳои пешниҳодшудаи иштирокчиён бисёр ҷолиб буданд. Гуфтан мумкин аст, ки ҳар як телефони пешниҳодшуда аз ҷумлаи нигораҳои музей буда метавонанд. Ба шарофати ин озмун мушоҳида кардан мумкин аст, ки чӣ тавр технологияҳои навин тараққӣ мекунанд ва телеком вусъат меёбад» - қайд кард Кармен Эткеева, роҳбари Хадамоти PR-и ширкати «МегаФон Тоҷикистон»
Мӯҳр« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |