Покистон ба рушди иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир карда, тасмим дорад дар ҷумҳурӣ корхонаҳои муштарак бунёд кунад.
Зимнан, имрӯз дар кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мулоқоти навбатии соҳибкорони Тоҷикистону Покистон баргузор гардид. Дар рафти ҳамойиш миёни соҳибкорони ҳар ду давлат ёддошти тафоҳум дар мавориди беҳтар намудани муносибат ва ҳамкорӣ дар бахши иқтисодӣ ба тасвиб расид. Тибқи он қарор аст, соҳибкорони покистонӣ дар Тоҷикистон як корхонаи коркарди семент, шарбат, сӯзандору таъсис дода ҳамзамон бо корхонаи давлатии нассоҷӣ ҳамкорӣ намоянд.
Мӯҳр