То анҷоми даъвати баҳории шаҳрвандон 20 рӯзи дигар боқӣ монд. Нақша 72 дар сад иҷро шудааст.
Фаридун Маҳмадалиев, сӯхангӯи Вазорати дифоъ ба Озодагон гуфт, ки аз оғози даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарӣ 40 рӯз сипарӣ шуд ва дар ин муддат мақомоти вобастаи давлатии даъват дар ҳама шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ӯҳдадории худро дар сатҳи зарурӣ ташкилу ба роҳ монданд. Дар натиҷаи 40 рӯзаи чорабиниҳои даъват вилояти Хатлон пешсаф буда алакай 6 комисариати ҳарбии ин минтақа (шаҳри Норак, ноҳияҳои Восеъ, Қумсангир, Носири Хусрав, Темурмалик ва Сарбанд) аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш додаанд. Дар маҷмӯъ масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар вилояти Хатлон, иҷрои нақшаи баҳории даъватро то имрӯз ба 84 дарсад расониданд. Дар вилояти Суғд нақша 63%, дар ВМКБ 54%, дар комисариятҳои ҳарбии навоҳии марказ 72 % ва дар чор ноҳияи пойтахт бошад, 66 фисад иҷро шудааст.
Аз оғоз то имрӯз иҷрои нақшаи чорабиниҳои даъват дар ҷумҳурӣ 72%-ро дар бар мегирад.
Мӯҳр