Инфиҷорҳо субҳи имрӯз, 10-уми май дар наздикии шоҳроҳе ба вуқӯъ пайваст, ки ба фурудгоҳи байналмилалии Димишқ мебурд. Гуфта мешавад, ташкилкунандаҳои таркиш шӯъбаи фаврии хадамоти махсуси Сурияро ҳадаф қарор додаанд. Қаблан Самир Нашар, роҳбари Шӯрои миллии Сурия, ки бо ҳукумати Башор Асад дар мухолифат қарор дорад, таркишҳоро кори дасти ҳукумати амалкунанда хонда, гуфта буд, бо ин роҳ онҳо мехоҳанд нозирони байналмилалиро бовар кунонанд, ки дар қаламрави кишвар гурӯҳи «Ал-Қоида» амал мекунад. Дар ҳамин ҳол ҷониби ҳукумат дар ин амал мухолифро гунаҳкор мекунад.
Тибқи хабарҳои расида, маводи мунфаҷираро фидоиёни маргталаб фаъол кардаанд.
Мавриди ёдоварист, ки беш аз як сол мешавад дар Сурия нооромиҳо идома дорад. Ба омори СММ дар пайи низоъҳо зиёда аз 9 ҳазор нафар кушта шудаанд.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |