Имрӯз, 8-уми май Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури кишвар бо аъзои Комиссияи ҳукуматӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав ва роҳбарони сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ машварати корӣ анҷом дод.
Аз Хадамоти матбуотии президент ба Озодагон гуфтанд, ки дар машварати корӣ доир ба мавзӯи матруҳа ва рафти иҷрои корҳо нахуст ахбори роҳбарони вазорату идораҳои иқтисод ва рушди савдо, молия, корҳои дохилӣ, нақлиёт, идораи амволи давлатӣ ва сармоягузорӣ, андоз, гумрук, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, суғуртаи давлатӣ, бонки миллӣ ва ғайра шунида шуд.
Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи ҳукуматиро вазифадор намуд, ки тамоми таклифу пешниҳодҳо ва таҷрибаи кишварҳои дар ин самт пешрафтаро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, дар муҳлати як моҳи оянда лоиҳаи Кодекси андозро дар таҳрири нав омода намояд.
Таъкид гардид, ки натанҳо шумораи андозҳо, балки вазни умумии қиёсии онҳо низ бояд кам карда шавад ва дар баробари ин бо дарёфти сарчашмаҳои нав ва афзун намудани шумораи андозсупорандагон даромади буҷети давлатӣ пурра таъмин гардад. Ба таъкиди президент кор бояд тарзе ба роҳ монда шавад, ки андозсупорандагон, аз ҷумла истеҳсолкунандагони маҳсулоти ватанӣ, даромадҳои воқеии худро пинҳон надоранд, ҳаҷми истеҳсолот ва шумораи ҷойҳои кориро афзун намуда, дар таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар саҳмгузориашонро зиёд намоянд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки расмиёти маъмурии соҳа содда гардонда шуда, механизми «Равзаи ягона» ва ҳисоботдиҳии электронӣ васеъ ҷорӣ карда шавад.
Мӯҳр