Кормандони милиса дар шимоли кишвар ду донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанро дастгир кардаанд.
Аз ВКД ба Озодагон гуфтанд, ки боздоштшудаҳо Меҳроҷ Алимуҳаммедов, донишҷуи бахши дуюм ва Парвиз Турахонов, донишҷуи соли панҷуми ДДХ мебошанд. Ба иттилои манбаъ ҳар дуи дастгиршудаҳо сокини шаҳри Чкалов, кӯчаи 1-уми Май будаанд. «Онҳо бо роҳи шикастани қулфи дар ба хонаи истиқоматии Шӯҳрат Азизов, сокини шаҳри Хуҷанд даромада, аз он ҷо молу ашёи рӯзгорро ба маблағи 23 780 сомонӣ рабуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷаи як амалиёти кормандони милиса боздошт шуданд»,-афзуд сарчашмаи хабар.
Ҳоло нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишоти он идома дорад.
Мӯҳр