Тибқи натоиҷи даври қабл аз ниҳойии чемпионати Италия оид ба футбол клуби «Ювентус» унвони қаҳрамониро ба худ ихтисос дод.
Рӯзи якшанбе «Ювентус» дар меҳмонӣ «Каляри»-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Бозии «Милан» ва «Интер» бошад, 2:4 поён ёфт.
Ба ин тартиб баъди даври 37-уми сабқат «Ювентус» бо чор имтиёз аз «Милан» пеш аст. Антонио Конте, сармураббии «Ювентус» гуфтааст: «Мо дар 37 дидори худ ягон бохт надоштем ва умедворем, ки мавсими имсоларо бидуни шикаст анҷом диҳем. Ин натиҷаи таърихӣ хоҳад шуд».
Дар нӯҳ соли ахир ин аввалин пирӯзии «Ювентус» дар чемпионати миллӣ аст. Дар маҷмӯъ ин клуб аз замони таъсисаш 28 маротиба унвони қаҳрамониро ба худ ихтисос додааст.
Мӯҳр