Бино ба маълумоти КМИР «Ҳизби ҷумҳуриявии Арманистон», ки онро раисҷумҳури ин кишвар Серж Саргсян сарварӣ мекунад,- 54,8, ҳизби «Арманистони дурахшон» - 28,7, «Мерос»-2,5, ҳизби мухолифи «Конгреси миллии Арманистон»- 3,2, ҳизби «Дашнактсутюн»- 5,1, Ҳизби демократ - 0, 21 ва коммунистон - 0,68 фисади бовари мардумро ба даст овардаанд.
Барои роҳ ёфтан ба порлумони Арманистон аҳзобро лозим аст монеаи 5 фоиза ва эътилофҳои ҳизбӣ монеаи 7 фоизаро паси сар намоянд. Порлумони Арманистон 131 курсӣ дошта, 90 курсӣ барои вакилон аз ҳисоби рӯйхати ҳизбӣ ва 41 курсӣ барои вукало аз ҳавзаҳои якмандатӣ пешбинӣ гардидааст.
Тибқи қонунгузории ин кишвар баъди интихоботи порлумонӣ ҳайати ҳукумат аз нав интихоб мешавад.
Мӯҳр
« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |