Бахшҳо

Шаҳрванди Афғонистонро то 20 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад

Кормандони фаврии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар пайи ду амалиёт 17 кило маводи мухаддир кашфу забт кардаанд.

Тавре ба Озодагон  аз агентии мазкур хабар доданд, бо иттиҳоми бо худ нигоҳ доштани ин миқдор маводи мухаддир ду нафарро дастгир кардаанд, ки яке шаҳрванди Тоҷикистон ва дигарӣ табааи Афғонистонанд. «Дар қаламрави ноҳияи Ҳисор шаҳрванди 43 солаи Афғонистон боздошт гардид, ки аз ӯ як халтаи селофанӣ дорои маводи хокамонанд бо бӯи махсус мусодира шуд. Лабораторияи ташхиси судии агентӣ наздик ба 4 кило героин будани онро тайид кард»,-афзуд манбаъ. Сарчашмаи хабар гуфт, дар амалиёти дигар кормандони Агентӣ як сокини ноҳияи Раштро бо ду халтаи селофании дорои 16 баста ҳашиш, ки вазни умумии он 13 кило мебошад, боздошт намуданд. Ин миқдор мухаддирот дар мошини тамғаи «Хундай-STAREX» интиқол дода мешуд.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо Шӯъбаи тафтишотии Агентӣ бо моддаи 200, қ.4-и кодекси ҷиноии  Тоҷикистон (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва ё моддаҳои психотропӣ ба миқдори ниҳоят калон бо мақсади фурӯш) оғоз намуд ва боздоштшудаҳо дар тавқифгоҳи муваққатии Агентӣ нигаҳ дошта мешаванд. Барои муайян намудан ва дастгир кардани гумонбарони дигар чораҳои фаврӣ андешида мешаванд.

Дар сурати исбот шудани гуноҳи гумонбаронро онҳоро аз 12 то 20 соли маҳрумият аз озодӣ интизор аст.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)