Бо сабаби гузаронидани корҳои сохтмонии гузаргоҳи зеризаминӣ шурӯъ аз имрӯз, 5-уми май то 27 августи соли 2012 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои Неъмат Қарабоев, Ҷомӣ ва Фирдавсии шаҳри Душанбе манъ карда мешавад.
Тавре ба Озодагон аз шаҳрдории пойтахт хабар доданд, дар робита муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиёт хадамотрасон», шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе муваззаф шудаанд, ки самти ҳаракати нақлиёти мусофирбарро тавассути кӯчаҳои Ҷанубӣ, Қосимов, Ҷомӣ ва роҳи соҳили дарёи Душанбе муайян намуда, дар нақшаҳои хатсайри воситаҳои нақлиёти мусофирбар тағирот ворид намоянд.
«Аз субъектҳои хоҷагидоре, ки дар ҳудуди иншооти сохташаванда ва ҳамшафати он фаъолият менамоянд, хатҳои муҳандисии кӯчонидашаванда, ки дар тавозунашон мебошад, хоҳиш мешавад, ки ҷиҳати ҳалли мушкилоти марбут ба кӯчонидани хатҳои муҳандисии мазкур ба фармоишгар - муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» ҳамаҷониба мусоидат намоянд»,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр