Имрӯз, 4-уми май Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури кишвар гурӯҳи вакилони парлумони Аврупо доир ба кор бо кишварҳои Осиёи Марказиро ба ҳузур пазируфт.
Тавре пештар хабар додем, ҳайати мазкурро Паоло Бартолотси роҳбарӣ мекунад.
Аз Хадамоти матбуотии сарвари давлат ба Озодагон хабар доданд, ки дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистон бо парлумон ва дигар сохторҳои Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд. Кори босамари Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, ки соли гузашта таъсис ёфт ва баргузоршавии ҷаласаи дуюми он дар шаҳри Душанбе нишонаи тавсеаи робитаҳои судбахши ду ҷониб арзёбӣ гардид. Изҳори боварӣ шуд, ки Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо боз як сохтори нави ҳамкорӣ буда, дар қатори Шӯрои ҳамкории миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ва дигар сохторҳо дар таҳким ва тавсиаи муносиботи судманди ду ҷониб нақши намоён хоҳад гузошт.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки «муносибот бо Иттиҳоди Аврупо дар миёни афзалиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми хос дорад».
Гуфтугӯи судманд ҳамчунин доир ба ҳамкории сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ сурат гирифт.
Густариши ҳамкорӣ доир ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, демократия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз мавзӯъҳои муҳими сӯҳбат буд.
Таваҷҷӯҳи зиёд ба вусъати дастгирии моддию техникии соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳамчунин ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва ғайра бо ҷалби бахши хусусӣ зоҳир карда шуд.
Бо назардошти талаботи рӯзафзуни Афғонистону Покистон ва дигар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ба нерӯи барқ ва маҳсулоти гуногуни дигар таъкид гардид, ки иштирок дар фаъол намудани имкону захираҳои фаровони Тоҷикистон ба ҳар як сармоягузор манфиати зиёд меорад.
Ҳамчунин доир ба дастгирии сохторҳои қудратиии Тоҷикистон, аз ҷумла нерӯҳои сарҳадӣ барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир табодули назар карда шуд.
Мӯҳр