Ба иддаои депутатҳои бундестаг бойкот кардани сабқат ба қазияи нахуствазири собиқ Юлия Тимошенко рабт дорад. Онҳо Тимошенкоро маҳбуси сиёсӣ унвон кардаанд.
Ба қавли онҳо вазъи ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Белорусия дар қиёс ба Украина бадтар аст.
Дар ин тарҳ вакилон аз Иттифоқи хоккейи Олмон даъват мекунанд, ин мавзӯъро дар конгресси байналмилалии федератсияҳои хоккей, ки дар Хелсинки мегузарад, матраҳ намоянд. Сиёсатмадорон муътақиданд, ки «барои аксари варзишгарон аз дасти диктатор гирифтани ҷоиза хушоянд нест».
Қаблан, парлумони Аврупо аз федератсияҳои миллӣ даъват ба амал овард, зиди баргузории чемионат дар Белорусия садо баланд кунанд. Рене Фазел, президенти Федератсияи байналмилалии хоккей (IIHF) он замон гуфта буд, ин мавзӯъ дар конгреси моҳи майи IIHF баррасӣ хоҳад шуд.
Мӯҳр
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |