Аз Хадамоти матбуотии райисҷумҳур ба Озодагон иттилоъ доданд, ки аснои сӯҳбат таваҷҷуҳи асосӣ ба се ҷанбаи ҳамкорӣ – ҳамгироӣ барои барқарорсозии суботу эътидол дар Афғонистон, рушди ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ ва густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Белгия баррасӣ гардидааст. Муовини сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия Дидйе Рейндерс густариши муносиботро бо Тоҷикистон бисёр муҳим номида, аз номи ҳукумати кишвараш аз Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки ба Брюсел бо сафари расмӣ ташриф барад.
Ба роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон барои мусоидати фаъол ба нерӯҳои посдори сулҳ дар Афғонистон изҳори сипос карда шуд.
«Ба густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Белгия, аз ҷумла тадбиқи амалии санадҳое, ки моҳи феврали соли 2009 зимни сафари расмии президенти Тоҷикистон дар Брюсел ба имзо расида буд, таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир шуд»,-афзуд манбаъ.
Ташкил ва густариши ҳамкории васеи иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо назардошти бозори кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ дорои дурнамои судбахш барои ҳарду ҷониб номида шуд. Рушди ҳамгироӣ дар таъмини амнияту суботи минтақавӣ ва мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир низ мавзӯи матруҳаи ин мулоқот буд.
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |