Расми савгандёдкунии Владимир Путин ба симмати президенти Русия мустақиман аз тариқи шаш шабакаи телевизионӣ намоиш дода мешавад.
«Шабакаи аввал», «Россия 1», «ТВ Центр», НТВ, «Пятый канал» ва «Россия 24» ҷараёни қасамёдкунии Путинро манзур хоҳанд кард. Ин дар ҳолест, ки соли 2008 вақте Медведев савганд ёд кард, танҳо се шабака мустақим ин маросимро намоиш дод.
Ҳамчунин, соли равон шабакаҳо танҳо бо манзур кардани маросими расмии савгандёдкунӣ, ки аз соати 12:30 то 13:30 ба вақти Душанбе сурат мепазирад, маҳдуд нашуда, барномаҳои вижаеро ҳам намоиш хоҳанд дод.
Маросими савгандёдкунии Владимир Путин 7-уми май баргузор хоҳад шуд. Ин сеюмин маротиба аст, ки ӯ ба курсии президентӣ мешинад. Аз соли 2000 то 2008 Путин ин мақомро дар ихтиёр дошт ва дар чор соли охир роҳбари ҳукумат буд.
Дар арафаи маросими савгандёдкунии Путин дар шабакаи интернет таронае пайдо шуд, ки васфи ӯро мекунад. Суруд «Шукр худойро барои Владимир» ном дошта, аз сӯи Толибҷон Қурбонхонови тоҷик иҷро шудааст. Ёдовар мешавем, дар айни ҷушу хурӯши маъракаи таблиғотии номзадҳо ба мақоми президентӣ дар моҳи феврал низ Толибҷон таронаи «ВВП» (Владимир Владимировия Путин)-ро хонда буд, ки сару садоҳои зиёдеро ба дунбол дошт.
Таронаҳои ӯро бо нохун задан рӯи ин нишонӣ тамошо кунед: https://www.ozodagon.com/sa/item/16388
Мӯҳр