Номбурда дар ин робита ҳамчунин афзуд: «Дар ҳақиқат вақтҳои ахир масоили муҳоҷират бештар тобиши сиёсӣ гирифта, то иҷтимоӣ. Бовар кунед, агар қарори сиёсии роҳбарияти кишвар барои ҳалли ин мушкил набошад, ҳеч кореро ба сомон расонида наметавонем. Пеш аз ҳама барои ҳалли мушкили муҳоҷирон бояд аз намояндагиҳои Тоҷикистон дар Русия шурӯъ кард. Зеро масхарабозие, ки дар ин ду идора нисбати муҳоҷирон сурат мегирад, дар идораҳои пулис нисбати онҳо дида намешавад. Бетафовутии масъулини сафорат ва консулгарии Тоҷикистон нисбат ба мушкилоти муҳоҷирон дар Русия қатъан ҳар касеро хашмгин мекунад.
Тасаввур кунед, ҳамарӯза 700-800 муҳоҷир барои гирифтани ҳуҷҷат пушти дари консулгарии Тоҷикистон дар Маскав ҷамъ мешавад. Масъулин ба ҷои дилбардорӣ ва ҳал кардани мушкил, ба онҳо дод зада, бо хушунат рафтор менамоянд. Вақте муҳоҷирон чунин муносибатро мебинанд, маҷбур мешаванд ба миёнаравҳое, ки нафарони худи масъулини консулагариянд, муроҷиат кунанд. Дар натиҷа як ҳуҷҷати 200 рублиро ба 2000 рубл дастрас мекунанд. Ин мушкил нест магар? Оё мо қаблан садҳо маротиба оид ба ин мушкил нагуфтем?
Маълум аст, ки аксари мушкили муҳоҷирон аз бепулист. Мо ба ҳукумат пешниҳод мекунем, ки дар ин кишвар як бонке бо номи бонки муҳоҷир бунёд кунад, то муҳоҷирон имкони гирифтани қарзҳои боимтиёзу камфоизро дошта бошанд. Ин пешниҳодро қаблан ҳам дода будем. Дигар пешниҳоди мо таъсиси як маркази фарҳангист, то муҳоҷирон тавонанд дар онҷо гирди ҳам омада аз мушкилоташон сӯҳбат кунанд. Ҳарчанд акнун як маркази фарҳангӣ дар назди сафорат дорем, аммо ин марказро ба тарабхона табдил додаанду маҳалле шудааст барои шаробхуриву рақсу бозӣ. Албатта, пешниҳодҳо зиёданд, аммо бовар дорам, ки дар Тоҷикистон гушҳои шунавое барои шунидани дарди муҳоҷирони хонабадуш надорем».
Посухҳои дигари Иззат Амонро зери ин суроға пайдо мекунед: https://www.ozodagon.com/sr/item/16391
Мӯҳр
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |