Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ таърихи музокираи додгоҳии Ҳусни Муборак муайян гардидааст.
Тавре оҷонсиҳои иттилоотӣ менависанд, рӯзи 3-юми август дар Қоҳира, пойтахти Миср президенти собиқи ин кишвар Ҳусни Муборак ва писаронаш Ҷамолу Ало дар назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт. Бояд гуфт,райисҷумҳури собиқ ва фарзандонаш дар пахшу саркӯбии гирдиҳамоӣ, куштори раҳпаймоёни мисрӣ ва фасоди молӣ муҷрим дониста мешаванд.
Мӯҳр