Шаби 1-ум ба 2-юми майи соли равон дар назди истгоҳи метрои «Выхино»-и шаҳри Москав миёни чанд нафар муноқишае ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа чанд тан, аз ҷумла ду шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳат бардоштаанд.
Тавре ба «Озодагон» аз хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд, дар натиҷаи муноқишаи мазкур Руслан Ҷумахонови 33 сола осеб дидааст. Феълан ӯ дар бемористони ба номи Н. В. Склифосовскийи шаҳри Москав бистарӣ аст .
Дигаре - Зорро Давлатови 35 сола дар шифохонаи №36-и шаҳри Маскав зери муоинаи табибон мебошад. Феълан дар мавриди ин муноқиша тафтишот идома дорад.
Мӯҳр