Ташкилоти ҷамъиятии «Журналист» 4 майи соли равон дар мавзӯи «Баррасии Лоиҳаи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон аз рўи самти омодагии ихтисосҳои «Журналистика» ва «Журналистикаи байналхалқӣ» дар давраи гузариш ба низоми кредитии таҳсилот” мизи мудаввар баргузор мекунад.
Тавре ба «Озодагон» аз ин ташкилот хабар доданд, инчунин мавзӯи тавсияҳо барои таҳияи стандарти давлатии ихтисосҳои «Робита бо ҷомеа» ва «Корманди адабӣ» («Фаъолияти таҳририву ноширӣ») баррасӣ карда мешавад, ки гурӯҳи корӣ дар ҳайати устодони факултет ва шӯъбаҳои журналистикаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва коршиносони соҳа омода намудаанд.
Бино ба иттилои манбаъ, тадбири мазкур дар доираи лоиҳаи “Мутобиқгардонии стандартҳои таҳсилоти олии касбӣ доир ба ихтисосҳои самти журналистӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва таъмини рақобатпазирии мутахассисони ин самт”, ки аз ҷониби шўъбаи тоҷикистонии Институти Ҷамъияти кушода – “Бунёди Мадад” дастгирӣ ёфтааст, амалӣ мегардад.
Ба мизи мудаввар ҳудуди 40 нафар устодони факултет ва шӯъбаҳои журналистикаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, роҳбарони муассисаҳои воситаҳои чопӣ ва электронии ахбори омма, созмонҳои журналистӣ, инчунин коршиносони соҳа даъват гардидаанд.
Манбаъ, афзуд, ки дар нишаст пас аз шунидани маърӯзаҳои муаррифӣ ва мулоҳизоти коршиносон, баҳсу мунозира ва табодули афкор перомуни лоиҳаи стандартҳои давлатии таълими ихтисосҳои журналистӣ вобаста ба тақозои талаботи низоми кредитии таҳсилот сурат мегирад.
Гуфтанист, ки гузариш ба низоми кредитии таҳсилот ва бисёрзинагӣ яке аз талаботи муҳим дар Созишномаи Болония буда, ба хотири ҳамгунсозии низоми маорифи Тоҷикистон бо системаи таҳсилоти кишварҳои дигар, бо мақсади воридшавии баробарҳуқуқ ба фазои таълимии байналмилалӣ ва суръат бахшидан ба ислоҳоти соҳаи маориф, Вазорати маорифи Тоҷикистон бо Қарори №698 аз 22 сентябри с.2004 тасмим гирифтааст, донишгоҳҳои ҷумҳуриро тадриҷан ба низоми кредитии таҳсилот гузаронад.
Мӯҳр