Ин дар ҳолест, ки Садриддин Бобоев, додситоне, ки масъулияти айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи қатли Парвиз Давлатбековро дорад, аз додгоҳ дархост карда буд, ки ба муттаҳамони парванда - Фаррух Самиев ва Шараф Давлатов маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати панҷ солӣ, бо нигоҳ доштан дар зиндони низомаш умумӣ ҳукм барорад. Ба Ҳасан Абдурашидов, дигар аз айбдоршудаи парванда ҷазои пардохти ҷарима дар ҳаҷми 100 нишондиҳандаи маошро пешниҳод кард. Додситон аз додгоҳи шаҳрӣ хоста, ки нисбати Беҳрӯз Шарифов, айбдоршудаи аслии ин парванда ҷазои 10 соли ҳабс бо нигоҳ доштан дар зиндони низомаш умумӣ маҳкум кунад.
Судя эълом дошт, ки фардо соати 15:00 бо вақти маҳалӣ ҳукми айбдоршудагони парвандаи қатли Парвиз Давлатбеков эълон карда хоҳад шуд.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |