Тоҷикистон қашоқтарин кишвари собиқ Иттиҳоди Шуравӣ аст, лекин пойтахти он- шаҳри Душанбе саршори хонаю мошинҳои пурдабдабаи муосир мебошад.
Нашрияи маъруфи The Economist сарчашмаи ин ҳама боигариҳоро нашъфурӯшӣ арзёбӣ кардаст.
Тавре ин нашрия менависад, Тоҷикистон саноати пешрафта надорад, вале 1300 киллометр сарҳади муштаракро бо Афғонистон дошта, дар маркази трафики нашъа, ки ҳаҷми он миллиардҳо доллар баҳогузорӣ мешавад, қарор дорад.
The Economist бо такя ба иттилои Раёсати СММ оид ба нашъа ва ҷинояткорӣ менависад, ки 30 фоизи нашъаи Афғонистон, - ҳудуди 90 тонна тавассути Осиёи Марказӣ асосан ба Русия интиқол дода мешавад, ки қисми зиёди он аз Тоҷикистон мегузарад. «Тибқи таҳлили коршиносон даромад аз нашъафурӯшӣ аз 30 то 50 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад», менависад ин нашрия.
Муаллифони матлаб менависанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ барои мубориза бо нашъафурӯшӣ ба Тоҷикистон то садҳои миллион доллар ҷудо мекунад, аммо мансабдорони тоҷик бо истифодаи ин маблағҳо рақибонашонро танг карда, нашъаҷаллобиро ба дасти худ гирифтаанд.
Дэвид Люис, аз донишгоҳи Бредфорди Британияи Кабир бар он аст, муборизаи воқеӣ бо нашъаҷаллобӣ дар Тоҷикистон метавонад вазъи сиёсиро дар кишвар ноором созад ва ҳатто аз эҳтимоли сар задани ҷанги нави шаҳрвандӣ сухан кардаст.
Мӯҳр