«Анҷумани сафирон дар Душанбе» маблағи аз ҳисоби фурӯши хӯрокҳои миллии худ ба даст омадаро ба ятимхонаҳои Тоҷикистон медиҳанд.
Санаи 6-уми майи соли равон соати 11:00 то 16:00 дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси»-и пойтахт фестивали хайриявии байналмилалии озуқаворӣ баргузор мегардад. Ин чорабинӣ бо ташабуси «Анҷумани сафирон дар Душанбе» доир гардида, дар он тамоми ташкилоти байналмилалӣ ва ҳайатҳои дипломатии муқими Душанбе хӯрокҳои миллии худро ба фурўш мегузоранд. Гуфта мешавад маблағи ба даст омада аз фурӯши маҳсулоти ин ҳамоиш ба фонди ятимхонаҳо гузаронида хоҳад шуд.
Мӯҳр