Бар асари 155 ҳолати фавқуллода дар 4 моҳи соли ҷорӣ 14 нафар ҷони худро аз даст доданд.
Ориф Нозимов, сухангӯи дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, аз аввали сол то имрӯз 155 ҳолати фавқулода ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 139 ҳолати фавқулода зиёд мебошад. Имсол бар асари офатҳои табиӣ 14 нафар ҷони худро аз даст додаанд, аз он ҷумла, 4 нафарашон дар моҳи апрел ҳалок шудаанд. Соли гузашта бошад, шумораи қурбониёни офатҳои табиӣ ба 17 нафар расида буд.
Мӯҳр