Тибқи лоиҳаи созишномае, ки миёни ИМА ва Афғонистон бояд баста шавад, Амрико аҳд додаааст, ки то соли 2024 ба ҳукумати Афғонистон кумакҳои моддӣ ва иқтисодӣ намуда, минбаъд бе иҷозати ҳукумати Афғонистон амалиёти шабонаро анҷом надиҳад.
Ахиран пешнависи созишномаи ҳамкории стратегӣ миёни Амрико ва Афғонистон омода шуд, ки дар назар аст, он 20-21-уми майи соли равон зимни ҳамоиши НАТО, ки дар шаҳри Чикагои Амрико баргузор мегардад, ба имзо расад. Тавре Худойбердӣ Холиқназаров, масъули Маркази тадқиқоти старатегии назди президент иттилоъ дод, мутобиқи ин созишнома Амрико аҳд додаааст, ки то соли 2024 ба ҳукумати Афғонистон кумакҳои иқтисодӣ намуда, амалиётҳои шабонаро бо ҳамоҳангии Афғонистон анҷом диҳад. Вай ҳамчунин афзуд: «Ин амр мусалламан талафоти мардуми мулкиро кам хоҳад намуд ва ҳамчунин аз соли 2014 зиндонҳои Афғонистон ба ихтиёри ҳукумати Афғонистон хоҳад гузашт. Яъне ин ду масъалаи муҳиме, ки имрӯз миёни Афғонистон ва Амрико ҳалли худро наёфтааст, дар ин созишнома ғунҷонида шуда, ба имзо мерасад». Номбурда мегӯяд, Амрико дар амри иҷрои ин созишнома то соли 2014 ва баъди ин метавонад тамдид пайдо кунад. Кишварҳои ғарб, қасд доранд ки Русия ва Чинро ро низ дар ин амр ҷалб намоянд, афзуд Худойбердӣ Холиқназаров.
Мӯҳр