Миллатгароёни немис дар девори биноҳои мусулмонӣ беш аз 100 карикатураи Муҳаммад(с)-ро насб карданиянд.
Аллакай чунин тасмимҳоро ҳизби Pro NRW шанбеи гузашта дар шаҳрҳои Эссен ва Гелзенкирхен доир намуд, аммо пулис нагузошт, то миллатгароён карикатураҳоро ба девори масоҷид насб намоянд. Ин амали намояндагони ҳизби Pro NRW-ро пулиси федеролии Олмон Ҳанс Петер Фридрих маҳкум карда, аз он ки намояндагони ин ҳизб муқобилияти ошкорои зидди муслиминро роҳандозӣ карданиянд, изҳори ташвиши ҷиддӣ намудаа.
Дар ҳамин ҳол ҳамоҳангсози ҳизби Pro NRW Ларс Зайденштикер изҳор доштааст, ки дар ин амали фаъолонаш ягон кори ғайримаъмулиеро намебинад ва ин ҷавобест ба маъракаи тақсими Қуръон аз сӯи салафиҳои Олмон. Тибқи як хабар тасмим буд, 25 миллион нусхаи Қуръон ба мардуми олмон тақсим шавад.
Ёдовар мешавем, дар гузашта кашидани карикатураҳои Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) боиси нигаронии шадиди мусалмонон шуд. Бузургтарин эътироз соли 2006 дар қиболи нашри карикатураҳои Муҳаммад (с) дар рӯзномаи даниягии Jyllands-Posten аз сӯи Курт Вестергаард баргузор шуд.
« Март 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | |||||
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 |