Кумитаи оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирини СММ дар қиболи таҷовуз ва таҳдидҳо ба сари муҳоҷирини кории тоҷик аз сӯи кордиҳандагон, мақомоти расмӣ ва шахсони алоҳидаи Русия изҳори нигаронӣ кардааст.
Мутобиқ ба маълумоти ин ниҳод муҳоҷирини ғайриқонунии тоҷик ҳатто ба муҳлати то ба 2 сол дар ҷойҳои шароиташ мушобеҳи зиндон мисли асир нигоҳ дошта мешаванд.
Ҳафтаи гузашта кумитаи мазкур чораҳои дар муносибат бо муҳоҷирини корӣ ва аъзои оилаи онҳо аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон андешидашавандаро санҷида, ба ҳукумат тавсия додааст, то ба муҳоҷирин дасти кӯмак дароз намояд ва ҳамчунин ба кишвари қабули муҳоҷирин ҳамкориҳоро дар кори ба муҷозот кашидани нафарони ба муҳоҷирини тоҷик ҷабркарда вусъат бахшад.
Ҳамчунин, ин кумита аз вазъи баланди маргу мири тоҷикони муҳоҷир дар кишвари Русия ва фоизи бениҳоят пасти ошкоркунии қотилон изҳори ташвиш кардааст. Тибқи иттилои ин кумита ҳамасола ҳудуди ҳазор тоҷик бар асари беморӣ, ҳодисаҳои нохуш ва марги маҷбурӣ аз сӯи миллатгароёни рус ҷони худро аз даст медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки кишвари Русия Эъломияи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирро имзо накардааст ва ин амалисозии ҳифзи ҳақи муҳоҷирини корӣ дар ин кишварро ба маротиб мушкил мекунад.
Кумитаи СММ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирин баъди шунидани маърӯзаи мақомоти Тоҷикистон дар бораи чораҳои ҳифзи ҳақи муҳоҷирин кории тоҷик Тоҷикистонро муваззаф сохт, то баъди чанд соли минбаъда ба ин ниҳод оид ба корҳои амалишуда дар ин самт ҳисобот манзур созад.
Мӯҳр