Расул Боқиев ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов роҳхати Бозиҳои тобистонаи олимпии Лондонро дарёфт карданд.
Расул Боқиев дар асоси феҳрасти ҷаҳонии дзюдо соҳиби роҳхати олимпӣ шудааст. Тибқи муқаррароти меъёрҳои олимпӣ дзюдочиёне, ки дар вазни худ дар рейтинги ҷаҳонӣ ҷойҳои аз 1 то 22-ро ишғол мекунанд, имкони дарёфти роҳхати олимпиро доранд. Расул Боқиев дар ин феҳраст зинаи 18-ро муаррифӣ мекунад. Ахиран, дар сабқати қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо дар шаҳри Тошканд Расул Боқиев ҷои сеюм ва нишони биринҷиро соҳиб шуда буд.
Муҳаммадмурод Абдураҳмонов мувофиқи рӯйхати пешниҳодкардаи Федератсияи дзюдои Осиё дар Олимпиадаи Лондон иштирок хоҳад кард. Ба ин феҳраст 12 дзюдочии беҳтарини Осиё шомил аст. Бо ин теъдоди варзишгарони тоҷик, ки ба Олимпиадаи Лондон роҳхат гирифтанд, ба нӯҳ расид. Тоҷикистон дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ Расул Боқиев,
Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (дзюдо) Дилшод Назаров (гурзандоз), Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов (таэквандо), Анвар Юнусов, Собирҷон Назаров ва Ҷаҳон Қурбонов (бокс) ва Искандари Рустам (гуштии озод).
Ҳамчунин се варзишгари Тоҷикистон дар Олимпиадаи Лондон-2012 бо имтиёз иштирок хоҳанд кард. Ду нафар оид ба шиноварӣ (як мард ва як зан) ва як зан оид ба варзиши сабук.
Мӯҳр