Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия аз таҳия гардидани лоиҳаи як Созишномаи муштараки байнидавлатӣ дар хусуси муҳоҷирати муташаккилонаи тоҷикистониҳо ба Русия хабар дод.
Асрор Одинаев, сардори ниҳоди мазкур зимни як нишаст дар сафорати Тоҷикистон гуфт, феълан лоиҳаи созишнома дар ҳоли таҳияву баррасӣ қарор дошта, баъди муҳокимаи пурра он миёни Маскаву Душанбе имзо хоҳад гашт.
«То имрӯз муҳоҷирати кории тоҷикон ба Русия ба таври ғайригустурда ва бо роҳҳои гуногун роҳандозӣ мешавад. Ҳар кас бо ҳар роҳ, баъзеҳо бо кӯмаки шиносҳо, баъзеҳо ҳамин хел бе ҳеҷ гуна маълумоту ҷойи кори аниқ ба ин кишвар меоянд. Барои ҳамин борҳо фиреб мехӯранд ва ҳамчунин ба маоши ночиз розӣ мешаванд. Агар ин созишнома имзо гардад, аз ин ба баъд мо кӯшиш мекунем, ки шаҳрвандони хоҳишмандро ба таври густурдаву муташаккилона ба муҳоҷират сафарбар намоем»,-мегӯяд Асрор Одинаев..
Ҷаноби Одинаев ҳамчунин гуфт, феълан бо кӯмаки ҷониби Русия дар омӯзишгоҳи №66-и Душанбе 100 нафар касбҳои барои Русия заруриро омӯхта, дар шаҳри Санкт Петербург ба кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Асрор Одинев надоштани ихтисос ва надонистани забони русиро мушкили асосии муҳоҷирини тоҷик унвон кард.
Мӯҳр